БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН АЗ МОСТ, МУҲОФИЗИ ОН МОЕМ!

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста  ба  иҷрои  Фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  ба  эҳтиёт  рухсат  додани  хизматчиёни  ҳарбие, ки  муҳлати  муқарраргардидаи  хизмати  ҳарбиро  адо  намудаанд ва даъвати  навбатии  шаҳрвандони  соли  таваллуди  1992-2001 Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  хизмати  ҳарбӣ дар  Коммисариати  ҳарбии  ноҳияи  Носири  Хусрав  чорабинӣ баргузор гашт. 

Зиёда  аз    33  ҷавонон  ихтиёран  ба  Коммисариати  ҳарбии  ноҳия  ҳозир  шуда,  бо  рақсу  суруд  ва рӯҳияи баланди  ватандӯстона,  барои  иҷрои  қарзи фарзандӣ  ва имониву  виҷдонӣ  бо   иродаву  ҷасорату шуҷоат   барои  ҳифзи  марзу  буми  Ватан  ҳозир  шуда  аз  комиссияи  тиббӣ  гузаштанд.

Раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия  Ализода  Сураё  зимни суҳбат   қайд  намуд, ки  ба ҷавонони   имрӯза   корнамоиву  қаҳрамониҳои   Пешвои  миллат  дарси   шуҷоату  мардонагӣ, дарки  баланди  инсондӯстӣ ва   муносибати  хуби   одамгариро  меомӯзонад.

Дар чорабинӣ баромадкунандагон бо ифтихор зикр доштанд, ки  ҷавонон дар  меҳвари  сиёсати  дурандешонаи   Пешвои  миллат қарор  доранд.  Хушбахтона  ҷавонони  мо  дар  фазои  сулҳу  суботи  комил, тараннуми  якдиливу  якпорчагии  Ватани  маҳбубамон  умр ба  сар  бурда  истодаанд.  Ҷавонони  мо  дар руҳияи  садоқат ба  Президент-садоқат  ба  Ватан, самимият  ба  миллат  бояд  тарбия  ёфта,  ба  ҳидоятҳои   падаронаи   Пешвои  миллат арҷ  гузошта,  пайравии  воқеии  ин шахсияи бузург  бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg