БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН ҚАРЗИ МОСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони кумитаи иҷрои ҳизбӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Ҷума Абёров»-и Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин зими суханронӣ дар бораи  дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ,  зери назорати ҷиддӣ қарор додани наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз амалҳои номатлуб, пешгирӣ аз  шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар мавзӯъҳо  ҳарф заданд. Таъкид карданд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани Ватан қарзи натанҳо шаҳрвандӣ, балки фарзандии ҳар яки мо буда, месазад  бо амалҳои созанда содиқ будани худро дар назди давлату миллат собит намоем.

Дар охир Аксияи ҳизбӣ баргузор гардида  як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg