БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ ВАТАН МЕҲВАРИ БАРНОМАҲОИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Омор”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ   гузаронида шуд.

Масъулин оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷамъомадагон сухан гуфтанд.   

Иброз шуд, ки дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои навадуми асри гузашта фирефтаи гурӯҳҳои таблиғотӣ, неруҳои ифротгарои динӣ, бадхоҳони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон нагарданду ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқу давлат омода бошанд.  Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини  волоияти қонун мебошад.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор» даҳлези бинои идора таъмир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg