БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ УРФУ ОДАТ ВА АНЪАНАҲОИ НЕКИ МАРДУМӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Ҳосилот» бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин оид ба тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни аҳолӣ  ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки мо аъзои ҳизбро зарур аст дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода бурдани онҳо пешқадам бошем.

  Зикр шуд, ки чунин анъанаҳои неки миллиро, ки ба ҳамзистиву ҳамсоядории муносиб оварда мерасонад, кумак дар сохтмони хонаҳои ҳамдигар, ҳалли мушкилоти ҳамдигарӣ, ширкат дар тарбияи фарзандони ҳамдигар бо роҳи насиҳат кардану бетарафӣ накардан дар рафтору омоли  манфии онҳо ташкил медиҳад.   Ширкат дар ҳашар меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва ҳамзистию ҳамгироиро дар байни аҳли ҷомеа метавонад густариш диҳад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg