БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САХОВАТМАНДОНИ ДЕҲ БА МАКТАБ КУМАК КАРДАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Хониши сиёсӣ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷрияи ноҳиявии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии “И.Машрабов”  доир шуд.   .

Яке аз масъалаи муҳиме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатиашон  мавриди баррасӣ қарор доданд,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад. Қайд  намуданд, ки  бо роҳи ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои нави рушд, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар ин самт пешрафт карда мешавад.

Дар идома, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб-баланд бардоштани маърифати ҷавонон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо шунида шуд. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таклиф шуд, ки корҳои ободонию созандагиро дар  маҳал ҷоннок намуда, дар ин самт фаъолони ташкилотҳои ибтидоии деҳот бояд фаъолона ширкат намоянд.

  Дар қисмати Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” раиси ташкилоти ибтидоии мазкур бо дастгирии саховатмандони деҳа ба хонандагони муассисаи таълимии №2 мизу курсӣ   кӯмак намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg