БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАФКУРАИ СИЁСИИ ҶАВОНОН ТАШАККУЛ МЕЁБАД

Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар   муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии №1-и  ноҳияи Носири Хусрав    бо  хонандагони  синфҳои  болоӣ   ҷиҳати  ташаккули  мафкураи  сиёсии наврасон  суҳбату  вохӯрӣ таҳти  унвони “ Садоқат  ба  Ватан мароми  мост!” баргузор  гардид.

Дар  ҳамоиш  роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок  ва  суханронӣ  намуда,  аз  ҷумла  қайд  карданд, ки  насли  наврасу  ҷавони  кишвар сиёсати  хирдмандонаву   дурандешона  ва  бунёдкоронаи  Пешвои  миллатро  пайравӣ  намуда, дар  таҳкими  Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу  ваҳдат, ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ, бо донишу  маърифат ва  заковати  баланди  худшиносиву  ватанпарастӣ бояд саҳми  арзандаи  худро  гузоранд. Ҷавонону  наврасони  мо ба  Ватану  миллат  содиқ  бошанд ва  дар  рушду   тараққии  он  ҳиссаи  сазовори  худро  гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg