БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПУШАЙМОНӢ ОҚИБАТ НАДОРАД СУД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хайём” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимни баёни андеша намояндагони ҳизбӣ  қайд намуданд, ки ТТЭ ҲНИ зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ садҳо ҷавононро, ки кӯркӯрона пайрави ин ҳизб шуда буданд, алҳол гурезаву сарсонанд, то ҳанӯз дарк накарданд, ки барои чи мубориза мебаранд. Ҳарчанд баъзе аз онҳо аз кардаи худ пушаймонанд ва аз шармгинӣ  дар назди миллати хеш наметавонанд ба Ватан баргашта, дар ғаму шодии пайвандони худ шарик бошанд. Чунки онҳоро на миллат ва на модару Ватан намебахшад.

         Таъкид гардид, ки моро дар пеш маъракаҳои муҳимми сиёсӣ интизор аст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки фориғбол набуда, ҳамеша ваҳдату ягонагии худро хифзу ҳимоя намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg