![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/1_155.jpg?itok=KS5YrYlN)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Давлатобод” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ роҳандозӣ гардид.
Нахуст, масъулин дарбаромади хеш қайд доштанд, ки мақсади аслии ҲХДТ ин таъмин намудани зиндагии шоиста ба мардум ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои халқ мебошад. Воқеан, ҲХДТ аз умқи дили мардум реша гирифта, ҳизби халқ аст, барои халқ аст ва ҳамеша дар хизмати халқ талошҳои худро равона месозад.
Илова бар ин, таъкид гардид, ки муборизаи шадиди иттилоотии ҷаҳони муосир ба соҳибистиқлолии мо хатарҳои ҷиддиро ба миён меорад. Аз ин рӯ мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” саф ороста, беҳтарин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти давлатиамонро аз таҳдиду хатарҳои дохиливу беруна ҳифз ва ҳимоя намоем.