БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №1»-и Ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноҳияи Всоеъ  хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки намояндагони ҳизб баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулин оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ташкил намудани воҳиди нави сохторӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ҷиҳати назорат ва ҳамоҳангсозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуда, зикр карданд, ки тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон  бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар фарҷом вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноӽиявӣ як адад кати хоб ба ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №1» кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg