БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ ҲАДАФИ ПИНҲОН КАРДАНИ АМАЛҲОИ ИФРОТИИ НАҲЗАТИЁНРО ДАР ПАЙ ДОРАД!

ВОКУНИШ. Пас аз эътироф гардидани ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҳизби террористию эктремистӣ роҳбарияти ин ҳизб пеш аз табадулоти давлатӣ фирор кард, қисми дигар баъд аз табадулоти давлатӣ ба хориҷ аз кишвар фирор намуда, дар кишварҳои аврупоӣ бо қавли хеш ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳаракатҳои худро идома дода истодаанд. Пас аз номуваффақиятҳои зиёдашон ба хулоса омаданд, ки шеваи муборизаро дигар карда, бо либоси нав рӯи саҳнаи биоянд. Бо ин мақсад аввал чор созмони дуруғинро ташкил намуда, баъд роҳбарони ин чор созмон “гуё” ба хулоса омада бошанд, ки ин чор созмон бо ҳам муттаҳид шуда, бо ҳам паймон мекунанду созмоне бо номи “Паймони миллӣ”-ро ташкил медиҳанд.

Агар ба таъсисдиҳандагону аъзоёни  ин паймон назар кунем, ин паймони миллӣ не, балки паймони чор нафаре мебошад, ки мақсаду ҳадафи аслиашон пушти парда пинҳон намудани аъмоли ҷиноии худи онҳост, чунки мардуми тоҷик чеҳраи аслии онҳоро медонад ва аз ин сабаб онҳо мехоҳанд зери номи нав худро нерӯи сиёсӣ муаррифӣ намуда, дубора байни ҷомеа мавқеъ пайдо намоянд. Мақсади дигарашон бошад ба даст овардани маблағҳои зиёд аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон мебошад. Аксарияти онҳо дар Тоҷикистон ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир намуданд ё аз бонкҳои Ҷумҳури қарзҳои калон гирифта, сипас фирор намудаанд.  

Аслан ин гурӯҳ гуруҳаки хурде мебошад, ки мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд. Далели ин гуфтаҳо сӯҳбати охири Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаи Ютуб мебошад, ки дар қисмати охири ин суҳбат Кабирӣ бо саволи яке аз саволдиҳандаҳо чунин посух дод, ки “барои ба даст овардани ҳокимият мо кушиш меноямоем, ки вазъиятро дар Тоҷикистон тағйир намоем”. Бояд мардуми Тоҷикистон аз хотир набароранд, ки ин тоифа дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мансабу ҳокимият шуда,  аз чунин шеваи мубориза истифода бурда буданд, ки дар натиҷа Тоҷикистонро ба ҷанги бародаркуш кашиданд.

Тааҷубовар он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин паймон, ки роҳбарият ва аъзоёнаш аъзоёни ҳизби террористию эктремистӣ мебошанд,  имконият фароҳам меоварад, ки дар ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намоянд. Ин амалро метавон бозии сиёсӣ ва сиёсати духура номид, ки хелле хатарнок аст.

Дастгирии созмонҳову ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби масъулини САҲА паёмади баде дорад, инро бояд масъулини ин созмони байналмилалӣ хуб дарк намоянд. Агар нияти Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо фароҳамовардани шароити музокира бо неруҳои мухолифини кишварҳо бошад пас бояд САҲА бо риояи қоидаҳои дипломатияи ҷаҳонӣ онро иҷро намояд. Агар мақсади ташкили чунин ҷаласаҳои САҲА барои дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз ташкилотҳои терроистиву экстремистӣ бошад, пас бояд возеҳ инро бояд баён намояд. Мушоҳидаҳо низ нишон додан, ки баъзе аз кишварҳои дигари узви  ин созмон,  аз ҷумла, Россия, Туркия ва Озорбойҷон барои баъзе аз риоя накардани қоидаҳои ҷаласа эътирозҳо кардаанд.

Ҳизб ё гурӯҳе, ки бо маблағи хоҷагони хориҷӣ амал карда, паймону иттиҳод ташкил менамоянд дар худ мақсаду мароми нек дошта, наметавонад.

 Аз иштироки намояндагони ин паймон дар ҷаласаи САҲА бармеояд, ки пушти инҳо кадом хоҷаи хориҷие меистад, ки барояшон дар чунин ҷаласаҳо шароит фароҳам меоварад.

  Аз суханрониҳои Кабирӣ дар баромади охираш бар меояд, ки ин гуруҳ  на барномаи ислоҳотӣ, на иқтисодӣ, на иҷтимоӣ, на тандурустӣ ва на маориф дорад. Дар посухи дигаре, ки аз ҷониби Кабирӣ ба яке аз саволдиҳандаҳо дода шуд бори дигар собит шуд, ки Кабирӣ ва Паймони ташкилкардаашон созмони кучагӣ аст. Нафароне савол медиҳанд, ки ин созмон на ном доранду на насаб, пас маълум мешавад, ки ин созмони фейкҳо мебошад!

 Аз суи дигар ҷойи таъкиди хос аст, ки Кабирӣ ҳамеша, аз номи дини мубини ислом истифода карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунад. Лек фаромуш кардааст, ки миллати тоҷик хуб медонад, ки ислом чисту  мусалмон кист. Ислом барои онҳо сипар аст, ки аз он сӯиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин арзиши ифротӣ аст.

Гулмуродзода Қумринисо,

Раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ

дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg