БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЙМОНИ ДУРУҒИН ВА КАБИРИИ БЕПАЙМОН!

ВОКУНИШ. «Паймони миллӣ» чӣ паймон аст ва аз тарафи кадом мақоме ба қайд гирифта шудааст? Аниқ аст, ки чанд нафари ҷиноятпешаи гурезаи норозӣ бо ин ном худро чун мухолиф муаррифӣ мекунанд, ки онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифин наметавон гуфт. Аксари саволҳое, ки дар посухҳои рӯзи 02.10.2019 –и шабакаи интернетӣ Кабирӣ баён кардед, саволҳои коркарди худи ин наҳзатиҳо ҳастанд.

         Дар ин навор, нисбати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон туҳмат зада мегӯяд, ки: “мо мисли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз буҷаи давлат пул намегирем ва ё иҷборан аз мардум пул намеситонем”. Ба ин фитнагар гуфтаниям, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ё аз ягон шахс иҷборан пул нагирифтааст. Ин дуруғи маҳз аст. Баръакс имрӯзҳо сохторҳои ҳизб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба ҳазорҳо нафар ятимону камбизоатон ва маъюбон кӯмакҳо мерасонад. Ҷиҳати ҳали мушкилоти ҷомеъа расидагӣ мекунад ва ҳамеша миёни мардум. Чун, ки ҳизби мо аз умқи мардум реша мегирад.

           Ҳамчунин, дидгоҳи ғалати Кабирӣ дар хусуси он, ки шаҳрвандони сини даъвати назди марзии шаҳри Исфара ба хизмати ҳарбӣ даъват нашаванд, хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» мебошад.

          Боварӣ дорам, ки туҳмату буҳтон ва суханони муғризонаи Кабириро ягон шаҳрванди бонангу ори Тоҷикистон қабул надорад ва ҳар шахси покдил ва огоҳи ин Ватани азиз медонанд, ки барои тоҷикон кӣ азизу бузург аст. Бале азизу бузург баҳри ҳамаи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

 

Назарзода А.И, вакили маҷлиси ваклиони

халқи ноҳияи Фархор.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg