БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ ХОИНИ МИЛЛАТ БУДА, ҲЕҶ КАС САФСАТАҲОИ ОНРО БОВАР НАМЕКУНАД!!!

ВОКУНИШ. Оромӣ осоиштагии сарзамини азизамон Тоҷикистон бароямон имкон медиҳад, ки озодона ақидаи худро иброз дорем.

Сад шукри неъматҳои илоҳи, ки сарзаминамон шукуфон ва диёрамон диққатҷалбкунандаи ҷаҳониён аст. Аз ин рӯ мебояд пайваста шукргузорӣ аз он кунем, ки ба ин неъматҳо ҳеҷ хатаре таҳдид накунад.

Имрӯз ман баромади “хоини миллат - кабириро” аз тариқи интернет тамошо карда, ба хулосае омадам, ки ин барномаи намоишиаш набояд бурду бохти Паймони миллӣ номгузорӣ мешуд, балки саҳнаҳои сиёҳкунандаи яксолаи хоинони миллат нисбати ҳукумат номгузорӣ карда мешуд беҳтар мебуд. Чун ҳама кори инҳо сиёҳкорӣ, бӯҳтон, тӯҳмат, дассисабозӣ, фитнаангезӣ ва барангеътани кинаву адовати миллӣ аст.

Чаро, ки дар ин баромади аҳмақонааш алфози ба қавлаш мулоимро барои фиреби назари корбарони шабакаҳои интернетӣ истифода кард, ки худнамоии онро нишон дод.

Ҷойи зикр аст, ки бигӯям тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ намоиши ба саҳнаи мазҳакавӣ монанди солгарди таъсисёбии «Паймони миллии»-ро тамошо карда, ба ҳунари сиркбозии таъсисдиҳандагони он “офарин” хондам.

Дар нишасти САҲА аҳмақ аз неруи ҷавонони бетаҷриба истифода бурдаанд, ки комилан аз аблаҳии Кабирӣ шаҳодат медиҳад. Дар рӯзи “гуё” таҷлили солгардашон бошад, устокорона пушти калонсолон наврасоне, ки ҳатто мумкин аст нафаҳманд, ки ин ҷамъомад барои чист онҳоро пинҳон сохтанд.

Ин паймони дуруғини сохтаи хоинони миллат, ки аҳди Кабириву Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Темур Варқа ва боз чанд нафар хоинонан аст, маълум аст, ки зери ниқоби ин паймони дуруғин, ки ҳадафҳои тиҷоратии худро бо роҳи сиёҳкардани Ватану ҳамватанони худ мебошад, пайгирӣ мекунанд.

Ба ҳамин шеваи аҳмакона бақавле Кабирӣ боз аз бурдубохташ дар навори видеоӣ, ки дар шабакаи ютуб пахш шуд, бо ин навор, ки дар пахши мустақим мерафат ба мардум “гуё” гузориш медод. Аммо дар ин навор ба ҷуз худро таърифу тавсиф кардан ва таҳқиру танқиди давлат ва мардумро иғвову фитна андохтан чизи дигар набуд.

Аз ҷумла, дар бораи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки рӯйи рост дурӯғу туҳмат карда мегӯяд: “мо мисли ҲХДТ аз буҷаи давлат пул намегирем ва ё аз мардум иҷборан пул намеситонем”. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳаргиз аз буҷаи давлат пул нагирифтааст ва аз ҳеҷ нафарҳам пул наситондааст. Ҳар як ҳизби сиёсӣ, хароҷотҳои молиявиашро аз ҳисоби пардохти ҳаққи узвияти аъзоёнаш мепушонад. Алббата ба истиснои  ҳизби террористии шумо.

Шумо наҳзатиҳо одат кардаед бо дуруғу туҳмат ҳарфзаданро. Бо далел ҳарф занед! Ҳатто дар давраи интихобот, ки барои фаъолиятҳои таблиғотии номзадҳои пеҳниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ тибқи муқаррароти муайяншуда, маблағи муайян ҷудо мешуд, ҲХДТ ҳаргиз аз он маблағҳо истифода набурдааст. Ин ҳизби террористиии шумо буд, ки бо пулҳои аз хориҷа фиристода шуда, фаъолият мекард ва роҳбарону масъулонаш соҳиби хонаву мошинҳои даб-дабанок шуда буданд.

Имрӯз марудуми Тоҷикистон хуб огаҳ аст, ки тубаринҳо ки ҳастеду ҳадафу мақсади шумо чи ҳаст ва дар пасатон нерӯҳои кадом кишвару қудратҳо меистанд.

Ба хоинони миллат муроҷиат карда гуфтаниям, ки аз ин савсатагуиҳоятонро баскунед ва ба миллату давлати хеш исноди аз ин беш наоред.

Мо ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем!

Раҷабализода Парвиз- муовини

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg