АНДЕША. Вақте, ки мусоҳибаи Муҳиддин Кабириро бо ровии шабакаи Ютуби Паймони ба номи миллӣ тамошо кардам, ин хоини миллат иброз дошт, ки ба Ватан бармегардад. Шумо хоинони миллатро, ки ба хоки Тоҷикистон роҳ медиҳад? Бояд аз амалҳои ғаразноки худ даст кашида, аз амалҳову кирдорҳои худ расман изҳори пушаймонӣ намуда, аз мардум ва миллати тоҷик бахшиш бипурсед ва омада барои ҷиноятҳои содиркардаи худ дар назди қонун ҷавоб бигӯед.
Масхарабозии хоинони миллат таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо ин пастзадани обруву нуфузи миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Онҳо худро ба аврупоиён ҳамчун ҳомии ҳукуки инсон нишондода истода, иброз медоранд, ки дар Тоҷикистон демократия нест. Ба тоҷикон ва шаҳрвандони Тоҷикистон демократияи Шумо хоинони миллат, ки ифодагари манфиатҳои хоҷагону манфиатҳои доираҳои маҳдуд ва шахсони алоҳида аст лозим нест.
Шукрона Нуруллозода,
мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот
ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар