БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДКОРӢ ДАР ЗАМИРИ ҲАР КАС НЕСТ!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо аз тарафи рақибони сиёсӣ душманони зархариди давлатҳои хориҷӣ дар арафаи баргузории чорабиниҳои сиёсӣ туҳмату буҳтонҳои бисёр нисбати роҳбарият ва давлати Тоҷикистон тариқи шабакаи интернетӣ пахш карда шуда истодааст. Чи хеле ки огаҳ ҳастед, 1 – уми октябри соли 2019 хоини миллат роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаи Ютуб баромад намуда, ғаразҳои сиёсии худро бо тариқи мусоҳиба баён кард. Аз оғози ин мусоҳиба ровӣ ба туҳмату ҳарзагўйӣ нисбати давлату роҳбарият оғоз намуд, ки ҳоло он, ки иҷозати ҷавоби савол аз тарафи Кабирӣ ба он дода шуда набуд. Муҳиддин Кабирӣ ҳама он хиёнатҳое, ки бо роҳбарони хориҷии худ дар сарзамини Тоҷикистон ҷанги таҳмилиро ба роҳ монда ҳазорон нафар шаҳрвандонро қатли ом намуда, моликияти ҷамъиятиву давлатиро ғорат намуда буданд,  имрӯз ин корҳои сиёҳи худро ба сари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мезананд. Ҳоло он, ки ҳама насли калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои аввали 90-ум асри ХХ дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Бадахшон зиндагӣ мекарданд, ин хизматҳои разилонаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони онро бо чашми худ дида, азоби гуруснагиҳои он солҳо ва бесарусомониҳои он солҳоро бо чашми худ дида имрӯз нафрат ба он хоинони Ватан мекунанд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳои вазнин ба арсаи сиёсат ворид гардид, давлате, ки артиш, идораҳои қудратӣ барои ҳимояи марзу бум ва тартиботи ҷамъиятӣ аз даст дода буд ва онҳо ба манфиати шахсони алоҳида дар қисмҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудогона кору фаъолият менамуданд, онҳоро сарҷамъ намуда, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва тартиботу низом артишу идораҳои қудратиро барқарор намуд бо мухолифини далват ҳамкорӣ карда, сулҳу ваҳдатро дар саросари Тоҷикистон пойдор намуд.

Ва он хоиноне, ки ба қатли ҳазорон нафар фарзандони тоҷик даст доштанд авф намуда, 30% мансабҳои давлатиро ба намояндагони мухолифини тоҷик доданд.  Ин амали фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи давлатдории ҷаҳон бесобиқа эътироф гардидааст, ки ягон давлат ё ягон сиёсатмадор рақибони сиёсии мағлубгаштаи худро ба Ватан даъват намуда ба онҳо мансабу яроқ надодааст. Имрўз Муҳиддин Кабирии хоин, ки дар мулки бегона сукунат дорад, орзуи он рӯзҳои фармонфаромоиро карда истодааст. Кур як маротиба ба чоҳ меафтад, гуфтаанд бузургони миллати тоҷик.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ин рубоҳи маккорро мешиносанд, аз амалҳои шуми он аз наздик бохабаранд. Дигар фирефтаи ин суханҳои Кабирии лаъин намешаванд.

Кабирӣ орзу дорад, ки боз ба Ватан баргашта, дар курсиҳои баланди парлумонӣ нишинад. Ин орзуҳояш ҷомаи амал намепӯшад. Баъди қатъ намудани фаъолияти душманонаи ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ он курсиҳое, ки соҳибонашон ба туҳматҳои роҳбарони вазорату кумитаҳо ва Ҳукумат банд буданд, имрӯз шахсони нисбати миллату давлат хайрхоҳу кордон интизоранд.

Кабирӣ худро дӯсти миллат нишон дода нисбати вазъияти байни  сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон маҳз ҷамоати деҳоти Ворух ҷавобҳои разилона дода, дар назди душманони давлат худро хамчун шахси сулҳхоҳ намоиш додан мехоҳад.  Нисбати Артиш ҳуқуқи маънавии баҳодиҳӣ ҳам Кабирӣ надорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом фарзанд ё хешу табори наздикаш дар сафи Қувваҳои Муҳаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи Ватан – Модарро адо кардааст. Ҳамаи онҳо аз хориҷ танҳо барои бад намудани номи тоҷику Тоҷикистон умри худро бесамар гузаронида истодаанд.

Дар  бораи аз хориҷ баргардонидани маблағҳои шаҳрвандон суханронӣ намуда, оё намедонад, ки ҳама маблағе ки аз Тоҷикистон ба даст овардаанд худ ва ҳаммаслаконаш дар кадом бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд. Магар миллионҳо доллари Кабирӣ ягон муассиса истеҳсолӣ ё таълимӣ дар Тоҷиикстон имрӯзҳо фаъолият мекунад? Мо шаҳрвандони Тоҷикистон медонем, ки дар навори видеоӣ Кабирӣ, ки худро шахси ватандўст ва фарзанди асили миллат муаррифӣ, мекард то чӣ андоза разил аст. Имрӯзҳо Кабирӣ ба роҳбарони зархариди худ мазҳаб, забон, расму оин, муҳаббати ватандориву ватандорро фурухтааст. Суҳбати онҳо, лаҳҷаи онҳо, нияти онҳо аз ягон эронии сиёсатмадор фарқияте надошт. Имрӯз миллати тоҷик пешрафти тоҷик, дониш тоҷик нисбати солҳои демократии ҳукумати мусолеҳаи миллӣ, ки ҲИН узви он буд, даҳҳо маротиба пешрафтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони роҳбарии худ тавонист корҳое ки дар 70 соли роҳбарии Ҳукумати Шўравӣ  иҷро нагашта буд, Тоҷикистони пора – пораро ба як давлати воҳид табдил диҳад. Маркази ҷумҳуриро аз тариқи шоҳроҳ Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бипайвандад. Дар ин шоҳроҳ нақби “Истиқлол” ва “Шаҳристон” сохта ба истифода дода шуд.  Қисми шоҳроҳи минтақаи Рашт, ва шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб, Хоруғ ва баромадан ба кишварҳои ҳамсоя пайваст гардида, дар ин шоҳроҳҳо нақби “Хатлон” ва “Озодӣ” пайваст. Дар ин давлат НБО-и “Сангтўда – 1”, “Сангтўда – 2”, “Тоҷикистон”, Маркази обу гармидиҳии Душанбе -1 ва 2, ба кор дарории ду чархаи НБО-и “Роғун” аз даастовардҳои Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон роҳбари ғамхору бунёдкорӣ  худро ёфтаанд. Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалии Раҳмон бо қадамҳои устувор рўз ба рўз пеш меравад. Мо эҳтиёҷ ба хизмати хирсонаву разилонаи Кабирии хоин ва ҳаммаслакони ў эҳтиёҷ надорем. Нест бод хоинони миллат!.

Наҷидуллозода Насриддин Вафо,

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

аз ҳавзаи интихоботии №30

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg