Сафи ҳамсафони мо меафзояд

А. ҶОМӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия  ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд. Аз ҷумла дар баромади худ қайд карданд, ки Ҳукумати кишвар дар соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии  муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи  нишаст муҳайё карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулин муҳтавои Паёми Пешвои миллатро баррасӣ карда, дар охир ба 18 нафар  омӯзгорони ҷавони муассиса, ки ба сафи ҳизб шомил гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиро  супориданд.            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи. Айни №47

Бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________