БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАН ДАР КАМИН АСТ!

ВОКУНИШ. Ман намояндаи насле мебошам, ки дар пайкари худ даҳшати ҷанги байни худи тоҷиконро эҳсос кардам. Соли 1992, ки ман донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб будам бо  сар задани даргириҳо худ ба хондани худро дар зери хатари марг медидам. Зеро ҳукумате набуд, ки мардумонро сарпарастӣ кунад ҳар ки силоҳ дар даст дошт, худро шоҳ медонист ва ба аҳли илму маърифат таҳдид мекард. Ҳама дасти дуо бармедоштанд, ки сарваре пайдо шаваду онҳоро аз вартаи фоҷеа наҷот бахшад. Хушбахтона, паз аз гирудорҳо сарсониву оворагариҳо ва дигар ошуфтагиҳо дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарваре пайда шуд, ки бо худгузариҳо кафили раҳонидани мардум аз нокомиҳо гардид. Дар бораи чоҳи нокомиҳо тела додани тоҷикон аз ҷониби гурӯҳҳои дингароёни силоҳбадаст мо насли калонсолтар ҳарчи бештару бештар мебояд ҷавононро ҳушдор бидиҳем, ки душманони давлату миллати мо аз тамоми имкониятҳои дар даст дошта кор гирифта, нақшаи ноором сохтани кишвари моро таҳрези кардаанд ва бо дасти ифротгароёни динӣ мехоҳанд онро татбиқ намоянд. Мутаасифона, имрӯз на ҳама медонанд, ки сабагори асосии сар задани ҷанги байнихудии тоҷикон мутаассибини динӣ бо роҳбарии  Ҳизбии мамнуъгаштаӣ наҳзати исломӣ буд, ки сабобгори кушта шудани 150 ҳазор нафар ҷавонону наврасон гардида, кишварро ба як харобазор табдил дод, ки зарари молии кишвар 8 миллиард доллари амрикоиро ташкил мекард. Беш аз 1 миллион шаҳрвандони кишвар гуреза шуда, ба хоки давлати Афғонистон паноҳ бурданд ва ба азобу ранҷи зиёд рӯбару гаштанд. Албатта хисороти моливу иқтисодӣ дар баробари талафоти 150 ҳазор ҷавонон ҳеч аст, зеро миллионро метавон барқарор кард, вале марги инсон бебаргашт аст. Он талафот ба генафонди миллат зарбаи сахт ворид кардааст ва даҳсолаҳо сипари кардаанд то миллати тоҷик он талафоти ҷуброн намоянд. Пас аз ба оштии миллӣ расидан ин ҳизб ба баҳонаӣ ҷонибдорӣ аз дини ислом ва густариши арзишҳои демократӣ сияҳкориҳои хешро идома дод. Ба дастовардҳо ва пешравиҳои фархангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бо чашми бахилӣ нигоҳ мекард. Гарчанде ба сиёсатпешагон маълум аст динҳо ҳамеша аз арзишҳои  демократӣ дур буданд ва ба вижаи давлатҳои исломӣ хостҳои диниву мазҳабии худро ба сари шаҳрвандонаш таҳмил мекунанд. Дар сурати напазируфтан шаҳрвандро ё ба зиндон меафкананд ё ба қатл маҳкум мекунанд. Мо ба чашми худ дидем, ки чигуна сарсупурдагони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат дар симои генерали хоин Назарзода ҳамлаи мусалоҳ ба ниҳодҳои ҳукумат бурда, кушиши табадулоти давлатӣ кардан мехостанд. Неруҳои амниятии кишвар пас аз саркуби онҳо тамоми нақшаҳои сиёҳи ҳизби сияҳкорро ошкор намуданд ва Суди Олии мамлакат Ҳизби Наҳзати Исломиро ташкилоти экстремистӣ ва терористӣ эълон намуд. Ҳоло низ хоинони давлату миллат ба хориҷ фирор карда, бо пули гурӯҳҳои бадхоҳони миллати тоҷик фаъолияти таблиғотии худро ба роҳ мондаанд. Онҳо бо идеаҳои пучу подарҳавои худ номи давлати тоҷиконро сиёҳ кардан мехоҳанд.

Ҳодисаҳои ғамбору нанговари соли гузашта рухдода,  кушта шудани чандтан сайёҳони хориҷӣ, ки бо дидани Ватани ободу мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон омада буданд, натиҷаи амали ин гурӯҳҳои терористӣ буд ва мо ватандорон имрӯз бояд фаромӯш накунем, ки душман дар камин аст ва метавонад ҳар лаҳза ба амли нангину ҷароҳатбори худ сулҳу осоиштагии ватанамонро халалдор созад. Ногуфта нагузорем, ки онҳо чанде пеш дар пойтахти кишвари Лаҳистон шаҳри Варшава гирд омада, ба ҷамъе аз тоҷирони ханноти гуреза бо сарварии хоини ватану миллат Муҳиддин Кабирӣ ба ном ҳаракате созмон доданд, ки мехоҳанд боз аз исломи сиёсӣ истифода карда, қудрат ба даст оранд. Аммо онҳо ба мақсадҳои  шуми худ нахоҳанд расид. Дигар имрӯз он солхои 90 - уми асри гузашта нест. Ба истилоҳи мардумӣ “кур як бор асояшро гум мекунад!”. Неруҳои амниятии кишварамон тамоми тавоноиву қудратро соҳибанд, ки бар фуки ҳар бадхоҳи оромиву осудагии халқамон мушти обдор занад. Ва чуноне шоири тавонои тоҷик Сайдои Насафӣ гуфтааст;       

 

Ҳар, ки бо душмани халқ равонаст чу баҳр

Зуд бошад, ки  сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 

АШӮРОВА НОДИРА узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg