ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Лолазор 1-2»-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», дастгирии ниёзмандони ҷомеа, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, бо мақсади кумак ба оилаҳои ниёзманд Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии ташкилоти ибтидоии номбурда роҳандозӣ гашта, ба 1 нафар хонанда аз оилаи ниёзманд сару либоси мактабӣ кумак расонида шуд.