БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ БАРҚ ВА ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ ҲАҚҚИ ОН МАСЪУЛЕМ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи барқ” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гашт.   

Дар вохӯрӣ  масъулин атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ ва фоидаи он  ба буҷаи давлату оила сухан гуфта, иштирокдорон   барои  самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он бахотири  расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ҳидоят гардиданд. 

Дар охир атрофи ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

Дар роҳандозии Аксия ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии  аъзои ташкилот ба оилаи   Алиев Темур, ки ниёзманд мебошад ба миқдори муайян кӯмаки молиявӣ расонида шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg