БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ ВА ИМОНИВУ ВИҶДОНӢ АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. дар ташкилоти ибтидоии «Фирӯз» дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин  оид ба фарорасии давраи нави сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз ҷумла зикр доштанд, ки  мо бояд он қолабҳои куҳнаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем ва онро ҳамчун мояи нангу номус баррасӣ карда, бо назардошти бартарафсозии омилҳои он падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дилгарм созем. Дар ин самт идеали мо хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад.

Дар охир дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳамагон  фаҳмонида шуда, ба    йни иштирокчиён ва масъулини ҳизбӣ гуфтугузориҳои судманд  сурат гирифт. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg