Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи нақша – чорабиниҳои баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Фахор кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ мулоқоти навбатии худро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мубориз» баргузор намуданд.
Зимни мулоқот нотиқон дар бораи моҳият ва аҳамияти қонунҳои миллӣ суханронӣ намуданд. Иброз шуд, ки риояи ҳар ду қонуни миллӣ ба манфиати шаҳрвандон аст. Сарфаву сарриштакорӣ ба зиндагии мо баракат меорад. Тарбияи дурусти фарзанд ва масъулиятшиносӣ дар ин самт моро муваффақ мегардонад.