БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АЗ БАЙН БУРДАНИ ТААССУБИ ДИНӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ СОЛИМИИ МАЪНАВИЁТ АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Яккасада” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар мулоқот нахуст роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи    аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани  маънавиёти ҷомеа андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки  таърихи давлатдории  кишварҳои ҷаҳон, чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб  гувоҳ аст, ки чун дин ба сохтори давлатдорӣ омезиш ёбад ва ашхоси  дингаро зимоми  сиёсатро ба даст гиранд, фарҳанги хурофот ҷойгузини қудрати тафаккур гардида,  илм рӯ ба рукуд ва иқтисод ба варшикастагӣ мерасад.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

Дар охир вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур,  барои таъмири бинои ёрирасони муассисаи таълимии деҳа ба маблағи 1050 сомонӣ масолеҳи таъмирӣ харидорӣ  шуда, корҳои таъмирӣ барои омодагӣ ба фасли зимистон оғоз гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg