БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИИ ВАТАН МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар  ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Озодагон  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои  ҳаётан муҳим, обу экология, ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъулин оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.     

Дар   роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”   аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дар таъмиру тармими роҳҳои  автомобилгарди  дохили маҳалла ҳиссагузорӣ карда, 1500 метри онро асфалтпӯш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg