КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои татбиқи сиёсати Пешвои миллат дар самти ҳифзи сиҳатии омма ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ҳидоят намуданд.
Дар охир ба 5 нафар кормандони соҳа, ки барои узвият ба сафи ҳизб ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.