
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади тарғиби анъана ва арзишҳои миллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Якуми май” вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ вобаста ба аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда сарфаву сариштакориро дар зиндагӣ муҳим донистанд.
Иштирокчиён низ дар навбати худ аз харҷу зиёдаравиҳо дар рафти маърака ва иду ҷашнҳои суннатӣ изҳори нигаронӣ карда, ҳамеша дар доираи қонуни мазкур доир намудани маъракаҳои хешро зарур шумориданд.
Дар охир таъкид шуд, ки бояд ҳамеша дар ободонии маҳал ва шаҳру кишвари азизамон саҳми арзанда гузорем.