
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти ҳамин унвон дар Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо иштироки зиёда аз 450 нафар ҷавонон, хосса ҷавонписарон вохӯрӣ баргӯзор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ҳизбӣ оид ба иғвоҳои навбатии бо ном пайравони Паймони миллии Тоҷикистон, ки аз 16 то 26-уми сентябр дар Варшава баргузор гардид, таъсиси ҳизби сиёсӣ бо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ андешаронӣ намуда, ҷавононро ба илмомӯзӣ, дар ҳаёти имрӯза зиракии сиёсиро аз даст надодан, эҳтироми падару модар ва устодон, расидан ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва ғайра ҳидоят намуданд.