Данғара: Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Ғарғара”-и Ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Каримзода Пирмуҳаммад раиси- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои ҳизб, сокинон ва хонандагони синфҳои болоии деҳаи Ғарғара оиди ба масъалаҳои доғи рӯз мулоқот намуда, дар баромадаш аз ҷумла қайд намуд, ки мақсади ташкилоти терористӣ ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон фирефта кардани ҷомеа ва ғайраҳо мебошад.
Дар охири сӯҳбат ҳамагон ба корҳои ободкорию созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолояти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди деҳот тариқи аксияи “ Якҷоя ҳал мекунем” ҳидоят гаштанд.