ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «ЛКТ»-и ноҳияи Вахш доир ба самтои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ва дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин атрофи дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 28 сол андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, то мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи хешро мустақилона интихоб намояд. Таъкид гашт, ки истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёди таҳкими тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ мо мебошад.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.