БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД!

Санаи 1-октябри соли равон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар кори Маҷлис Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират, Роҳбари дастгоҳ раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят, кормандони вилоятии ҳизб ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 

Маҷлис аз рӯи ду масъала: Якум «Дар бораи рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, дуюм «Дар бораи даъвати Конференсияи 13-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис “Оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода дар назди ҳозирин баромад карданд. Аз ҷумла таъкид доштанд, ки раисони кумитаҳои иҷроия, аъзо ва фаъолони ҳизб дар тамоми раванди фаъолияти ҳизбӣ Истиқлолияти давлатиро ҳамчун арзиши муқаддас пос доша, ҳамагон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бояд бо тамоми масъулият саҳми арзанда гузорем. Дар хоста гирифтани номзадҳо масъулияти баланд нишон дода, ба пешбарии номзадҳои нолоиқу тасодуфӣ аз тариқи ғаризаҳои дӯстиву манфиатҷӯӣ роҳ надиҳем. Фазои иттилоотии сиёсиро ҳамеша таҳти назар гирифта, оид ба равандҳои сиёсии дохилию хориҷӣ маълумоти мукаммал дошта бошем. Барои устувории мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош намуда, ба дигар ҳизбҳои сиёсии кишварамон, ки дар маъракаи интихоботӣ иштироки фаъолона доранд, дар рақобати солим бошем ва барои баргузор шудани интихоботи озоду шаффоф мусоидат кунем.

   Ҳамчунин, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон - Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон баромад намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар хусуси бо мардум наздик будан ва расидагӣ кардан дар ҳалли мушкилоти ҷомеъа дастуру супоришҳо доданд, сохторҳои ҳизбиро мебояд тавассути ҳамкориҳои бевоситаи раисони шаҳру ноҳияҳо корро ҷиддӣ ба роҳ монда, бо ин роҳ дар баланд гардидани обрӯву нуфузи ҳизб мусоидат намоянд.

  Раиси вилоят ҳамзамон, оид ба омодагиҳо ба интихоботи  дарпешистода ёдоварӣ карда, таъкид намуданд, ки интихобот шаффоф ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида, бояд гузаронида шавад. Вазифаи ҳизби мо онаст, ки дар интихоботи дарпешистода бо ба даст овардани эътимоду боварии мардум овозҳои бештарро ба даст оварем.   Раиси вилоят раванди корҳои  созандагию бунёдкориро дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем», ки масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ тавассути ин иқдом ҳаллу фасл ёфта, қишри ниёзманди ҷомеа дастгирӣ меёбанд, падидаи нек  донистанд.

  Оид ба масъалаи дуёми рӯзномаи маҷлис даъвати Конференсияи ХIII-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санаи 30-юми ноябри соли 2019 дар шаҳри Бохтар даъват карда шуд.

Дар раванди маҷлис аз руи масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

IMG_0009.JPGIMG_9942.JPG

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg