БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолии вилоят” вохӯрии ҳизбӣ доир шуд. Дар суҳбат иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёсии фаъоли кишвар буда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодааст.
Дар идомаи қайд шуд, ки аъзои ҲХДТ ҳамеша барои амалӣ намудани ҳадафҳои давлату Ҳукумат, ҳадафҳои ҳизб ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуда, дар рушду нумӯи Тоҷикистон бояд саҳмгузорӣ намоянд.