ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Башардӯст» чорабинии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки роҳбари Кумитаи иҷроияи ноҳия доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ буд. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби шабакаи ягонаи барқи кишварҳои Осиёи Миёна ҳалли худро меёфт. Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиёди барқи худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз ин мушкилот баромадааст. Бо ба истифода додани даҳҳо неругоҳҳои хурду азим мушкили бебарқии зимистонӣ то андозае ҳалли худро ёфт. Аммо афзоиши аҳолӣ, таъсиси корхонаҳо барқи иловагиро талаб менамоянд. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот аз мушкилот ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бунёди НБО «Роғун» аст.
Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Башардӯст» ба 3 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ашёҳои хониш тақдим шуд.