БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД НАҚШИ МУАССИР МЕБОЗАД.

ҶайҲун. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Офтобак» вохӯрӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баргузор гардид.

Зимни суҳбат масъулин  қайд намуданд, ки боиси қаноатмандист модарону бонувони азиз, ҳамчун нерӯи равшанибахши хонадон, мураббии нахустини фарзандон ва нигаҳдорандаи сафои зиндагӣ хеле корҳои шоистаро ба анҷом расонида, ҳамеша барои ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани оила саъю талош мекунанд. Бовар дорем, ки занони  мо  минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси занону модарони тоҷик иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Нақш ва таъсири модарон дар   тарбияи фарзанд, хусусан тарбияи духтарон  дар руҳияи сабру таҳаммул, эҳтироми суннату анъанаҳои неки миллӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани иззату ҳурмати калонсолон ва сарфаю сариштакорӣ,   барои барпо намудани оилаи солиму устувор ҳидоят кардани онҳо бузург ва ҳалкунанда мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg