БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БА ШАҲРВАНДОН

Н. ХУСРАВ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Кумаки  аввалияи  тиббию  санитарӣ”-и ноҳияи  Носири  Хусрав  хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Масъулини  ҳизбӣ атрофи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб, аз ҷумла ҳалли  мушкилоти  ҷойдоштаи  соҳаи  тандурустӣ  ва ғамхориҳои    Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷиҳати  солимии  ҷомеа,   ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ,  инчунин бунёди  иншооти  тандурустӣ,  кумаки  аввалияи  тиббию санитарӣ  муфассал  маълумот дода,   таъкид  намуданд, ки  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми  навбатӣ   оид  ба   ҷой  доштани   камбудиҳо  дар  фаъолияти  баъзе  муассисаҳои  кумаки  аввалияи  тиббию  санитарӣ   изҳори  нигаронӣ  карданд. Кормандони  сохторро  зарур  аст, барои  ислоҳои  камбудиҳои  ҷойдошта   чораҳои  зарурӣ  андешанд.

Баъдан дар  доираи  татбиқи  қисмати амалии  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал мекунем! “  кормандони   кумаки  аваалияи  тиббию санитарии  ноҳия  ба  якчанд  нафар маризони  бистарӣ  хизмати     тиббӣ  расонида,   ба  маблағи  зиёда  аз  200  сомонӣ   доруҳои  лозимаро  аз  ҳисоби  шахсии худашон  ба онҳо доданд.                                  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg