БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲИФЗИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази бемориҳои пӯст” хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат  аз ҷумла қайд карданд, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббию санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ  ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад.      

Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ бошад, аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  ба якчанд шахсони эҳтиёҷманд ёрии ройгони тиббӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg