
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лоиҳакаш” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.
Зимни баромад намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 000 гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 000 гектар, аз ҷумла заминҳои обӣ 52 000 гектар зиёд шудааст. Яъне ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст, ки беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд. Ба ин мақсад дар 70 соли то замони истиқлолоият ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим карда шуда буд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.