
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дезинфексия” хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат, ба саломатии мардум, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Таъкид шуд, ки моро зарур аст, ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардошиани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем. Ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосӣ ҷалби сайёҳон ба кишвари биҳиштосои мо мебошад.