БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ ВАТАНФУРӮШОН МАҲКУМ ШУДАНД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи №10» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Масъулин зимни суханронӣ оид ба хатари терроризму экстремизм, паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва сафарбакунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ибрози ақида намуда, зикр карданд, ки чанд рӯзи охир иддае аз бадхоҳони миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ, бо дурӯғу туҳмат ва бо лафзи тунди аз доираи одоб берун ҷониби Тоҷикистонро зери танқид қарор медоданд, аммо мардуми кишвар пешравии босуръати кишварро зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида истода, ба ҳар гуна туҳмату буҳтон, ки аз ҷониби хоинони миллати тоҷик дар Варшава садо медиҳад, бовар намекунанд.Дар охир  иштирокдорон суханрониҳои  судмандро ҷонибдорӣ карда, амалҳои ватанфурӯшонро   маҳкум намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg