БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲАМА КОР БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ва роҳандозии қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Сармантой-2 вохӯрӣ доир намуд.

Масъулон зимни суҳбат иброз доштанд, ки аҳли ҷомеаро лозим аст, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ  ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода намоянд. Зимнан, таъкид шуд, ки риояи бечунучарои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳуии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳар нафар ҳатмист.

Дар ҷараёни суҳбат аз иштирокдорон даъват ба амал оварда  шуд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.

Дар охир, ҷиҳати роҳандозии Аксияи ҳизбӣ  аъзои ташкилоти ибтидоии “Сармантой-2” дар таъмиру тармими роҳҳои  дохили маҳалла ҳиссагузорӣ карда,  50 метри онро сангфарш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg