
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Сиёсати хирадмандони Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Манучеҳр Бобомуродов дастгирӣ карда, аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як оилаи ниёзманди ҷомеа, сокини деҳаи Свердлови Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол кумаки моддӣ расонид. Ғамхорӣ аз ҷониби шахси ниёзманд бо қаноатмандӣ пазируфта шуда, иқдоми неки ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Роҳбари давлат арзёбӣ кард.