![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190927_103803.jpg?itok=lz9kpoTz)
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Қуруқсой”-и Ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ноҳиявии ҲХДТ вобаста ба аҳамияти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози сухан карда, зикр намуданд, ки ҳар як падару модар вазифадор аст фарзандро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия карда барояш шароити мусоиди таҳсилу фароғат фароҳам биоварад . Агар талаботи қонуни мазкурро мо шаҳрвандон хуб риоя кунем, дар оянда метавонем фарзандони номаварро ба камол расонем.
Дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ низ ба иштирокдорон фаҳмонида шуд.