БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ҶОМЕА БОЯД ФАЪОЛ БОШАД.

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳриёр» хониши сиёсӣ дар мавзӯи «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо» баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеаи муосир ҳарф зада,  иброз доштанд, ки дар самти мубориза бо коррупсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву консепсияҳоро қабул намуда, бо ин зуҳуроти номатлуб барои мубориза  тамоми ҷомеаро сафарбар намудааст.

Инчунин, доир ба иҷрои саривақтии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикстон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад карда қайд намуданд, ки ба масъалаи тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, онҳоро дар руҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ бояд ба камол расонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg