Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» шахсони масъул ба шароити ҷои хоб, ошхона, толори хониш, синфхонаҳо, ҳаммом, боғчаи мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ шинос шуда, бо бошандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар рафти ҳамоиш масъулин атрофи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ карда, таъкид сохтанд, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус Президенти кишвар нисбат ба қишри ниёзманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.