БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ ДАР ДАСҶАМЪӢ ОСОН АСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади татбиқи нақша-чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Пахтакор”-и Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар суҳбат қайд гардид, ки ҳадафи доир намудани ин гуна вохӯриҳо  баланд бардоштани масъулиятии шаҳрвандӣ, ҷалби сокинон ба  корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. 

Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои ободониву созандагӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ карда шуд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg