Меҳру садоқати мардум ба ҲХДТ меафзояд

ҶАЙҲУН. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар маҳаллаи Озодӣ-1 вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилотҳои  ибтидоӣ дар маҳал бо иштироки зиёда аз 40 нафар сокинон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов ва мутахассиси ҳамин  Насимахон Ғаффорова иштирок карда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби созандаву бунёдкор, Паёми Пешвои миллат, қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи Озодӣ-1 ва интихоби раиси он  суханронӣ  намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ 10 нафар аз сокинон ихтиёрӣ  ба сафи ҲХДТ шомил гардида,  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таҳти унвони “Озодӣ-1”-ро  таъсис дода, раиси ташкилоти ибтидоии навтаъсис Маҳмадрасул Мирзохоновро    интихоб намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________