ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Деҳқонобод»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин дар суҳбат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафту тараққиёти Ватан дар тӯли 28 сол, ба фаъолият оғоз кардани чархаи дуюми НОБ-и Роғун фикру мулоҳизаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин ҳама дастовардҳои бузург самараҳои неки Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори давлати соҳибистиқлолӣ тоҷик ба даст омадааст ва мо сокинонро месазад ба қадри ин неъматҳои бебаҳо расида, ҷавобан бо амалҳои созанда дар ободии меҳан саҳмгузорӣ кунем.