БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНРО БО МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Оид ба  корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони кумита дар назди ҷамъомадагон қайд карданд, ки мо ҳар амали некеро, ки анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем. Аз ин хотир  моро зарур аст, дар пешрафту ободии Ватан бо дасту дили пок хизмат  софдилона карда, Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳем.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо дастгириии соҳибкорону тоҷирон ва шахсони хайрхоҳу ҳиматбаланд зиёда аз 1,5 км роҳи байни деҳаи Навобод мумфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg