БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН НИШОНАИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Забон нишонаи ҳастии миллат аст» дар Литсейи давлатии №2-и шаҳри Левакант  бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Зимни суҳбат масъулин аз шукӯҳу шаҳомати забони тоҷикӣ ва аҳамияти таърихии он дар бунёди давлатдории миллӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки забон муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва муаррифгари ҳар миллату давлат ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини ҷаҳон мебошад, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл сардафтари адабиёти класикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳсули фитрии худро бо ҳамин забон иншо намудааст, ки имрӯзҳо низ мутолиаи он ба мо ҳисси баланди ифтихор доштанро аз чунин миллати кӯҳанбунёд бедор месозад. Боиси хурсандист, ки Ҳукумати кишвар ба тозагии забон диққати махсус медиҳад ва тоза нигоҳ доштану ба оянда бе ҳеҷ каму кост расонидани он вазифаи ҷонии ҳар як ватандор аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg