
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. “Ҷонам фидои ватан”- чунин унвон дошт вохӯрие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Нурафшон” – и ноҳияи Кӯшониён бо ҷавонон доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, ҳифзи обу хоки Ватан ва самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҷавонони саодатманди диёрро лозим аст, бо далерию шуҷоати мардонагӣ қарзи фарзандии хешро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намоянд ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳиссагузор бошанд.