БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ МӮЪҶИЗАИ БЕҲАМТОИ ТАБИАТ АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб бо сокинон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир карда шуд.

Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ  қайд карданд, ки имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода мубаддал гардида, дар ҳалли маъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳаётан муҳим, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир, норасоии  оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо ба ин монанд бетараф набуда, пайваста дар ин роҳ ташаббусҳои назаррасӣ худро нишон медиҳад.

Инчунин, дар дар идома гуфта шуд, ки бо назардошти сиёсати Роҳбари давлат  Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон ҳамчун кишвари бофарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ гардида, пешниҳодҳои созандаи давлати мо пайваста аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ меёбанд. Боиси сарфарозист, ки аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид қатънома оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид.

Ҳамзамон таъкид карданд, ки дар заминаи ин, вазифаи мо фаъолон ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ тарғибу ташвиқ намудани ин ташаббуси созандаи кишварамон ва саҳми муносиб гузоштан дар ин самт кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg