БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БОЯД ОГАҲ БОШЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Маликова”-и Ҷамоати деҳоти Корез хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ    дастуру супоришҳои   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни   30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин муносибат таъсиси инфрасохтори иҷтимоиро дар ҳар деҳаву маҳалла ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум ва аз байн бурдани фарқи байни деҳоту шаҳр ба мақсад мувофиқ донистанд мавриди барррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, дар идома  оид ба  хавфу хатари терроризм  ва роҳҳои пешгирии он ақидаронӣ  карда шуда, таъкид гардид, ки терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб кардаст. Ҳизбу ҳаракат ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил  диҳанд. Аз ин лиҳоз мо шаҳрвандонро лозим аст, бар зидди зуҳуроти хатарзо муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки нохалафе ба фазои сулҳу суботи кишварамон халал ворид созад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg