ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ташаббусҳои созандаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади расонидани мазмун ва муҳтавои барномаҳои ҳизбӣ, татбиқи онҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Каёнӯш”- и Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ оид ба риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сухан гуфтанд. Иброз шуд, ки қонуни миллӣ бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон равона гардидааст. Мақсади қонуни дигари миллӣ пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.